Ссылки доступа

Эътирози узбекистониҳо баъди таҳқир шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ (видео)


Военные в Ургуте, 22 июля 2021 года. Скриншот с видеозаписи.

Видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки нишон медиҳад гуруҳе аз сокинони деҳаи "Гус"-и ноҳияи Ургути Узбекистон тазоҳурот мекунанд. Эътирозгарон муҷозоти шахсеро талаб менамоянд, ки сокинони маҳаллиро таҳқир кардааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ургут гуфтанд, марде, ки сокинони "Гус"-ро таҳқир кардааст, боздошт шуд. Видеои узурхоҳии мард аз сокинони деҳаи мазкур низ дар шабакаҳо нашр гаштааст.

Ба гуфтаи сокинони "Гус", барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба маҳалли эътироз кормандони ҳифзи ҳуқуқ, неруҳои махсус ва низомиён сафарбар шуда буданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса чанд сокини маҳаллӣ захмӣ ва даҳҳо ҷавон боздошт шудаанд.

Сокини 21-солаи ноҳияи Ургут 21 июл сокинони деҳаи "Гус"-ро таҳқир карда, ба номи модарашон дашном додааст. Сокинони деҳа маҳалли зисти ҷавонро муайян карда, рузи 22 июл ба назди хонаи ӯ рафтаанд. Вале ҷавон баъди шунидани хабар фирор кардааст ва сокинони нороизӣ ҳам дар назди бинои маъмурияти ноҳия ҷамъ шудаанд.

Тавре шоҳидони ҳодиса хабар доданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ургут барои пароканда кардани эътироз неруҳои иловагӣ даъват кардаанд. Низомиён барои ором сохтани норозиён маҷбур шудаанд, аз неру кор гиранд. "Ягон нафари ҷамъшудаҳо намехост пароканда шавад. Сипас низомиён аз "электрошокер" истифода карданд. Бархеҳо гуфтанд, ки ҳатто гази ашковар ҳам истифода шудааст. Дар натиҷаи ин эътироз одамони зиёде осеб диданд", - гуфт як ҳамсуҳбати мо.

XS
SM
MD
LG