Ссылки доступа

Нахустин медалҳои варзишгарони қазоқ дар бозиҳои Токио


Казахстанец Игорь Сон на состязаниях в Токио.
Казахстанец Игорь Сон на состязаниях в Токио.

Вазнбардори қазоқ Игор Сон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии шаҳри Токиои Ҷопон дар вазни то 61 кило медали биринҷӣ ба даст овард.

Медали тило дар ин вазн насиби варзишкори чинӣ Ли Фабин шуд, ки дар ду тамрин тавонист 313 килоро бардорад. Эко Юли Иравана аз Индонезия бо бардоштани 302 кило медали нуқраро ба гардан овех.

Аз ин пеш, 24 июл ҷудокори қазоқ Елдос Сметов ҳам, ки дар вазни то 60 кило баромад мекард, медали биринҷӣ ба даст овард.

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ лар шаҳри Токио 23 июл оғоз шуда, то 8 август идома меёбанд. Ба ин бозиҳо 97 варзишгари қазоқ роҳхат гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG