Ссылки доступа

Нисбати президенти пешини Қирғизистон парвандаи нав кушоданд


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳри Бишкек дар моҳи октябри соли 2020 гумонбар мешавад.

Ба иттилои тафтишот, Отамбоев ба маҳзи ин ки дар моҳи октябри соли 2020 аз боздоштгоҳ раҳо шуд, талоши ғасби қудратро кардааст. Аз рӯи моддаи мазкур ӯро то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Ин шашумин парвандаи ҷиноӣ зидди президенти пешин аст.

Тафтишот мегӯяд, Отамбоев бо сарвазири пешини он кишвар Омурбек Бабанов ва дигар мансабдорони баландпоя забон як карда, "миёни тарафдоронашон хашму бадбинӣ пароканда кардаан". Ба иттилои тафтишот, ин боиси занозании гуруҳӣ ва бетартибии оммавӣ шудааст.

9 октябр - ҳамон рӯзи ҳодисаҳо дар шаҳри Бишкек ҳолати изтирорӣ эълом шуда, соати шабгардӣ ҷорӣ гардид ва ба шаҳр техникаи низомӣ ворид шуд. Отамбоев 10 октябр боздошт шуд.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай моҳи июни соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани як маҳбус ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. 30 ноябри соли 2020 додгоҳ олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод.

Нисбати Отамбоев чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ташкили бетартибиҳои оммавӣ, хушунат нисбати корманди мақомоти давлатӣ, фасодкорӣ ва ғайра кушода шудааст.

XS
SM
MD
LG