Ссылки доступа

Ноиб-раиси шаҳри Бишкек бо гумони ришвахурӣ боздошт шуд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 24 июл ноиб-раиси он шарҳро боздошт карданд.

Ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, С.А., ҳангоми баргардонии 6 ҳазор доллари ришваи гирифтааш корманди мақомоти тобеи шаҳрдории Бишкек боздошт шуд. Ба иттлои КДАМ, дар ҳамдастӣ бо яке аз ноибони раиси Бишкек, корманди ниҳоди тобеи шаҳрдорӣ аз соҳиби яке аз қаҳвахонаҳо барои тахриб накардани қаҳвахонааш 9 ҳазор доллар ришва талаб кардааст.

КДАМ хабар медиҳад, ҳангоми бозпурсӣ боздоштшуда гуфтааст, ки бо дастури ноиб-раиси шаҳри Бишкек С.А. ришва гирифтааст. Мақомот С.А.-ро рӯзи 24 июл боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG