Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон гумонбарон дар таркиши анбори аслиҳаро то 10 сол аз озодӣ маҳрум кард


Оглашение приговора по делу о взрывах на складе боеприпасов в Арыси. Шымкент, 26 июля 2021 года.

Додгоҳе дар Шимкенти Қазоқистон ҳукми 16 гумонбар дар таркиши анбори аслиҳаи шаҳри Ариси он кишварро содир кард. 12 нафар аз 4 то 10-солӣ зиндонӣ ва чаҳор тани дигар аз 4 то 7-солӣ шартан аз озодӣ маҳрум шуданд.

Баррасии парвандаи мазкур 11 майи соли 2020 оғоз шуда, дар курсии айбдорӣ дар баробари хидматчиёни ҳарбии қисми низомии Арис мансабдорони Вазорати дифои Қазоқистон ҳам менишастанд.

Қаблан додситонии Қазоқистон барои чаҳор муттаҳами таркиши анбори аслиҳаи шаҳри Ариси он кишвар 10-солии зиндон талаб карда буд.

Рӯзи 7 июн 16 айбдоршаванда дар доираи парвандаи мазкур дар додгоҳ сухани охири худро гуфтанд.

"Айбдоршаванда худро гунаҳкор эътироф накарданд. Вакилони мудофеъ аз камбудиҳои раванди тафтишот ёдовар шуданд. Сабаби таркиш муайян нашудааст. Айбҳои эъломшуда собит нагардидаанд", - гуфт яке аз вакилони мудофеи айбдоршавандаҳо.

Додгоҳ парвандаи мазкурро пушти дарҳои баста баррасӣ кард. 1500 кас ҳамчун ҷабрдида дар парванда зикр шудаанд.

Рӯзи 24 июни соли 2019 дар анбори қисми низомие дар шаҳри Арис таркиш рух дод. Дар он ҳодиса 4 кас кушта шуд.

Ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи таркиш 85 дарсади манзилҳои шаҳр хисорот дида, бештар аз 20 манзил комилан хароб шудааст.

XS
SM
MD
LG