Ссылки доступа

Порлумони Фаронса гузарномаҳои беҳдоштиро тасдиқ кард


Порлумони Фаронса қонун дар бораи ҷорӣ кардани гузарномаҳои беҳдоштиро тасдиқ кард.

Бино ба ин қонун, бидуни тасдиқнома дар бораи гирифтани воксин ва ё ташхиси коронавирус вуруд ба тарабхона, дидорбинии наздикон дар беморхона ва хонаи пиронсолон, нишастан ба ҳавопаймо, қатора ва автобусҳои хатсайрҳои тӯлонӣ манъ аст. Гузарнома ҳамчунин барои ворид шудан ба ҳама гуна муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ зарур аст.

Қонуни мазкур ҳамчунин воксинзании ҳатмии кормандони соҳаи тиб ва бархе аз дигар соҳаҳоро то 15 сентябр пешбинӣ мекунад.

Ноболиғон аз гирифтани гузарномаи беҳдоштӣ озод ҳастанд.

Пешниҳоди ҳукуматдорони Фаронса дар бораи гузарномаҳои беҳдоштӣ ва воксинзании иҷборӣ боиси эътирози фаронсавиҳо шуд.

Дар Порис ва чанде аз дигар шаҳрҳои Фаронса эътироз ташкил шуд. Эммануэл Макрон, президенти Фаронса эътирозгаронро дар худхоҳӣ ва бемасъулиятӣ айбдор кард.

XS
SM
MD
LG