Ссылки доступа

СММ: теъдоди қурбониён аз ҳисоби сокинони осоиштаи Афғонистон афзудааст


Моҳҳои май ва июн дар Афғонистон қариб 2400 сокини осоишта куштаву захмӣ шудааст. Ин болотарин нишондоди думоҳа аз соли 2009 ба ин тараф аст, хабар медиҳад СММ.

Ба иттилои СММ, дар нимаи аввали соли ҷорӣ теъдоди занону кӯдакони кушташуда нисбат ба ҳар шашмоҳаи дигар бештар будааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Афғонистон 5183 ҳолати марг ва маҷруҳии сокинони осоишта сабт шудааст. Дар ин муддат 1656 кас кушта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 47 дарсад бештар аст.

Ҷанг миёни "Толибон" ва неруҳои ҳукумати Афғонистон дар моҳҳои май ва июн шиддат гирифтааст. Ҷо Байден, президенти ИМА эълом кард, ки артиши амрикоӣ то 31 август аз Афғонистон хориҷ ва ба ҷанги 20-сола хотима медиҳад.

XS
SM
MD
LG