Ссылки доступа

Байден аз тағйири нақши неруҳои амрикоӣ дар Ироқ хабар дод


Ҷо Байден, президенти ИМА хабар дод, ки рисолати ҷангии артиши амрикоӣ дар Ироқ то охири соли 2021 ба поён мерасад.

Байден дар ҷараёни мулоқот бо сарвазири Ироқ Мустафо ал-Козим дар Вашингтон ин изҳоротро кард.

Ҳамкорӣ бо мақомоти Ироқ дар амри мубориза бо созмони тундгарои "Давлатӣ исломӣ" ва суботи минтақа аҳамияти муҳиме дошт, гуфт Байден. Вай гуфт, ин ҳамкориҳо дар замоне ҳам идома мекунад, ки артиши амрикоӣ нақши мушовир ва мураббиро хоҳад бозид.

Дар охири соли 2020 гуфта мешуд, ки дар Ироқ тақрибан 2500 низомии амрикоӣ ҳузур дорад.

Байден нагуфт, ки баъди тағйири рисолат кардан чи теъдод аз артиши ИМА дар Ироқ боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG