Ссылки доступа

Дар Алмато баррасии парвандаи 13 фаъоли ҷамъиятӣ шуруъ шуд


Додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 27 июл баррасии парвандаи 13 фаъоли ҷамъиятиро шуруъ кард, ки дар "таъсис"-и созмони мамнуъ ва ё иштирок дар фаъолияти он айбдор мешаванд.

Мақомоти тафтишотӣ фаъолонро дар таъсис ё ва иштироки ду созмон - "Интихоби демократии Қазоқистон" ва "Коше партиясӣ" айбдор карданд, ки бо қарори додгоҳ ҳар ду созмон тундгаро эътироф шудаанд.

Ҳамаи 13 фаъол мақомоти Қазоқистонро ошкоро интиқод ва дар эътирозҳои мухталиф ширкат мекарданд.

XS
SM
MD
LG