Ссылки доступа

Жениш Молдокматов - сиёсатмадори боздоштшудаи қирғизистонӣ гуруснашинӣ эълом кард


Жениш Молдокматов, сиёсатмадори боздоштшудаи қирғизистонӣ аз 26 июл гуруснашинӣ эълом кардааст.

Эрлан Бечоро уулу, ёвари сиёсатмадори зиндонӣ гуфт, Молдокматовро рӯзи 26 июл расман дар бораи гумонбар будан дар "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ" огоҳ кардаанд. Молдокматов дар посух ба парвандаи дувум нисбаташ гуруснашинӣ эълом кардааст.

Ин сиёсатмадори қирғизистониро бо гумони "ғасби бино ва ё иншооти дигар" рӯзи 6 майи соли ҷорӣ боздошт кард. Додгоҳ муҳлати ҳабси ӯро то 6 сентябр тамдид кард.

Молдокматов мегӯяд, ӯро барои интиқодҳояш аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG