Ссылки доступа

Ҷаҳонгир Отаҷонов - даъвогари курсии президенти Узбекистонро дар додгоҳ муҳокима мекунанд


Рӯзи 26 июл дар додгоҳе дар шаҳри Тошканд баррасии парвандаи Ҷаҳонгир Отаҷонов, даъвогари пешини курсии президенти Узбекистон шуруъ шуд.

Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд рӯзи 24 июл Отаҷоновро "барои таҳқиру туҳмати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ" ба додгоҳ кашидааст.

Маркази матбуотии Сарраёсати корҳои дохилии Тошканд гуфт, Отаҷонов "аз кардааш изҳори таассуф кардааст".

Отаҷонов ибтидои моҳи ҷорӣ дар наворе гуфт, ки наметавонад, мошинашро аз таваққуфгоҳи ҷаримавӣ бигирад. Ба гуфтааш, ба таваққуфгоҳ бурдани мошини вай ангезаи сиёсӣ дорад. Отаҷонов дар идома аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ интиқод кард ва онҳоро "хоини давлату миллат" ва "ҳаромзода" номид.

Мақомоти пулиси Узбекистон гуфтанд, мошини Отаҷоновро барои он ба таваққуфгоҳ бурданд, ки онро шахсе бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ идора мекард.

Баъдтар Отаҷонов бо нашри навори дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ узрхоҳӣ кард.

Отаҷонов дар моҳи декабри соли 2020 эълом карда буд, ки дар интихоботи президентии моҳи октябри соли 2021 ширкат мекунад. Вай 10 июли соли ҷорӣ гуфт, муваққатан аз сиёсат канор меравад ва ба шуғли пешинаш - овозхонӣ мепардозад.

XS
SM
MD
LG