Ссылки доступа

Вакилони порлумони Қирғизистон - Ҷеенбеков ва Зулфиқоров 2 моҳи дигар дар ҳабс мемонанд


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек муҳлати ҳабси ду вакили порлумони Қирғизистон - раиси пешин Асилбек Ҷеенбеков ва ноиб-раиси пешини порлумон Торобой Зулфиқоровро ду моҳи дигар тамдид кард.

Ҳамакнун ин ду вакил то 30 ноябр дар ҳабси пешакӣ мемонанд.

Мақомоти амниятии Қирғизистон дар доираи парвандаи марбут ба кони тилои Қумтор нисбати чанд мансабдори пешин ва кунунии он кишвар, инчунин нисбати чанд вакили порлумон айб эълом кард. Рӯзи 31 май, баъди бозпурсӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов, вакилони амалкунандаи порлумон Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоров, вакилони пешини порлумони он кишвар Исҳоқ Пирматов ва Талантбек Узакбоев боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG