Ссылки доступа

Корпартоии ширкати барқи Қазоқистон бо талаби маоши бештар


Кормандони ширкати барқи "Озенэнергосервис" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон бо талаби маоши ду баробар бештар корпартоӣ мекунанд.

Ба иттилои расонаи Lada.kz, корпартоён дар муроҷиатномаи худ таҳдид кардаанд, ки агар талабҳояшон иҷро нашавад, интиқоли неруи барқ ба сокинони шаҳрро қатъ хоҳанд кард.

Онҳо дар баробари 100 дарсад боло бурдани моҳонаи худ пардохти маоши 13-ум, афзоиши пули рухсатӣ ва гузаронидани саривақтии пардохти ҳатмии нафақаро ҳам талаб доранд.

Эътирозгарон мегӯянд, ба корпартоӣ маҷбур шудаанд ва барқи беморхона, таваллудхона ва иншоотҳои иҷтимоии шаҳрро қатъ намекунанд.

Корпартоӣ дар ширкати мазкур 25 июл оғоз шудааст.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон кормандони ширкатҳо бо талаби маоши бештар коршиканӣ мекунанд. Танҳо дар давоми як моҳи ахир кормандони беш аз 10 ширкат дар Жанаозен корпартоӣ кардаанд.​

XS
SM
MD
LG