Ссылки доступа

Муҳоҷирони қирғизистонӣ аз Туркия нафақа мегиранд


Туркия ба қисме аз муҳоҷирони қирғизистонӣ пардохти нафақаро шуруъ кард.

Дар ин бора Кубаничбек Омуралиев, сафири Қирғизистон дар Туркия дар як ҷаласаи порлумони Қирғизистон хабар дод. Вай гуфт, дар асоси созиш "Дар бораи таъмини иҷтимоӣ байни ҳукумати Қирғизистон ва ҳукумати Туркия", шаҳрвандони ду кишвар, ки дар Туркия ё Қирғизистон бештар аз 15 сол фаъолият кардаанд, шуруъ аз моҳи марти соли ҷорӣ нафақа мегиранд.

Созиши мазкур моҳи апрели соли 2018 дар Туркия имзо шудааст.

Кубаничбек Омуралиев нагуфт, ки айни замон чи теъдод аз шаҳрвандони Қирғизистон аз Туркия нафақа мегиранд. Вай афзуд, то шуруъи вабои коронавирус дар Туркия аз 20 то 25 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG