Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон аз расонаҳо талаб доранд, як акси нозеби Назарбоевро пок кунанд (видео)


Вазорати иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон аз расонаҳо талаб дорад, аксеро пок кунанд, ки дар он Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон нохуб нақш ёфтааст.

Дар акс Назарбоев бо бинии масхарабоз нақш ёфта буд. Вазорати иттилоот гуфт, нашри ин акс ҷавобгарии ҷиноӣ дорад.

Маълум нест, аксро кӣ кашидааст.

Аксро дар деворе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 8 июл кашиданд, аммо ҳамон рӯз онро пок карданд.

XS
SM
MD
LG