Ссылки доступа

Дар Қазоқистон коргарони як ширкати нафткаш коршиканӣ доранд


Дар вилояти Мангистауи Қазоқистон бештар аз 170 коргари ширкати Industrial service resources рӯзи 28 июл коршиканӣ карданд.

Ширкати мазкур тобеи ширкати нафткаши "Каражанбасмунай" аст.

Коргарони талаби маоши бештар ва имтиёзҳои иҷтимоиро доранд. Кор дар ширкати мазкур қатъ шудааст.

"Миёни мо афроде ҳам ҳастанд, ки ҳатто дору харида наметавонанд. Қисми дигар дар қарз дармондаанд. Маош намерасад. То замоне, ки талабҳои мо қонеъ нашавад, корпартоиро қатъ намекунем", - гуфт як коргари ширкати мазкур.

Ин бори чандум аст, ки коргарони корхонаҳои гуногун дар Қазоқистон бо талаби маоши бештар корпартоӣ мекунанд. Дар бархе ҳолат коргарон қисман ба талабҳои худ мерасанд.

XS
SM
MD
LG