Ссылки доступа

Дар Узбекистон қонун дар бораи воксинзании ҳатмии коргарон қабул шуд


Порлумони Узбекистон тарҳи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он ҳар коргаре аз гирифтани воксин худдорӣ мекунад, аз кор сабукдуш мешавад.

Дар ин бора рӯзи 27 июл ноиб-раиси порлумони Узбекистон Алишер Қодиров хабар дод.

"Тарҳи қонун ворид кардани иловаҳо ба моддаи 113 Кодекси меҳнати Узбекистон ва моддаи 28 Қонун дар бораи ҳифзи тандурустии шаҳрвандонро дар назар дорад. Аз ин ба баъд ҳар коргаре, ки аз воксинзанӣ худдорӣ мекунад, ба коргоҳ роҳ дода намешавад", - гуфт Алишер Қодиров.

Қодиров пештар аз ин пешниҳод карда буд, ки ҳукумат бояд озодии афроди воксиннагирифтаро маҳдуд кунад.

XS
SM
MD
LG