Ссылки доступа

Беларус TV Belsat-ро “тундгаро” номид


Додгоҳе дар Беларус телевизиони Belsat-ро, ки бо сармоягузории Полша кор мекард, “тундгаро” номид.

Бастани дафтари ин телевизион дар Беларус як тадбири дигари мақомот дар амри саркӯби матбуоти озод ва ҷомеаи маданӣ мебошад. Вазорати умури дохилии Беларус рӯзи 27 июл гуфт, ки ба ҳар нафаре, ки хабарҳои Belsat-ро паҳн мекунад, ҷарима ваё ҳукми ҳабс таҳдид мекунад. Ин телевизион яке аз маъруфтарин пойгоҳҳои хабарии мухолифон аст, ки таҳаввулот дар Беларуси таҳти назари раҳбари худкома Александр Лукашенкоро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Бо амри додгоҳ, вебсайти ин телевизион ва тамоми саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баста мешаванд. Лукашенко моҳи июл таҳдид кард, ки Беларусро аз фаъолон, матбуот ва ҷомеаи маданӣ “пок” мекунад.

Моҳи август аз интихоботи даъвоии президентии Беларус, ки бо пирӯзии Лукашенко анҷомиду сабаби сар задани эътирозҳои сартосарӣ дар кишвар гардид, як сол пур мешавад. Ба иттилои маркази ҳуқуқи башари “Весна”, танҳо дар моҳи июл дар ин кишвар беш аз 200 рейд дар дафтарҳои кориву хонаҳои фаъолону журналистон барпо шуд. Ҳоло 27 журналист дар ҳабс ваё дар интизори мурофиаҳои додгоҳӣ қарор доранд. Ду журналисти Belsat TV – Катерина Андреева ва Даря Чултсова ҳам дар зиндон ҳукми дусолаи ҳабсро пуштисар мекунанд.

Яке аз раҳбарони ин телевизион Алекси Дзикавитски гуфт, ки кори ин шабакаи телевизионӣ идома хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG