Ссылки доступа

Дар Узбекистон 14 узви хонаводаи фаъоли маданиро аз хона берун карданд


Бюрои иҷрои иҷбории Узбекистон 24 июл хонаводаи фаъоли гуруҳи ташаббускори Ҳизби сиёсии "Ҳақиқат, Тараққиёт ва Бирдамлик"-и он кишвар Муҳаммадамин Ирматовро аз манзили зисташон дар Тошканд берун кардааст.

Ба гуфтаи Ирматов, ҳоло 14 узви хонаводаи ӯ дар кӯча мондааст. Видеои ҳодиса дар шабакаи YouTube нашр шудааст. Дар он дида мешавад, чи гуна кормандони бюро ба хонаи Ирматов рафта, онҳоро берун мекунанд.

Худи Ирматов мегӯяд, ин қазия ба фаъолиятҳои сиёсияш рабт дорад. Вай гуфт, агар дар хайма ҳам зиндагӣ кунад ҳизби сиёси таъсис хоҳад дод. Кормандони бюро бо вуҷуди дар баррасии додгоҳ қарор доштани шикояти кассатсионии Ирматовҳо онҳоро аз хона берун кардаанд.

Ирматов яке аз онҳое аст, ки 15 июл дар назди бинои Маъмурияти президенти Узбекистон дастгир шуданд. Фаъолон он рӯз барои шикоят ба Додгоҳи конститутсионии Узбекистон, ки дар бинои маъмурият ҷойгир аст, ба онҷо рафта буданд. Ирматов дертар озод шуд.

Муҳаммадамин Ирматов қаблан хабар дода буд, ки наздикони ӯ дар вилояти Андиҷони Узбекистон ба иллати фаъолиятҳои сиёсияш таҳти фишор қарор гирифтаанд. Видеои фишор ба яке аз хоҳарони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

XS
SM
MD
LG