Ссылки доступа

Қазоқистон ба Қирғизистон 25 ҳазор вояи воксини QazVac тақдим кард


Рӯзи 28 июл аз Қазоқистон 25 ҳазор вояи воксини QazVac-и зидди коронавирус ба Қирғизистон ирсол шуд.

Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қазоқистон гуфт, ин миқдор воксин ҳамчун кӯмаки башарӣ ба Қирғизистон ирсол шудааст.

Ергалӣ Абдураимов, яке аз созандагони воксини QazVac гуфт, ки то ин замон бештар аз 300 ҳазор кас дар Қазоқистон аз ин воксин гирифтаанд.

Ба иттилои расонаҳо, истифодаи воксини QazVac дар Қазоқистон 26 апрели соли ҷорӣ - пеш аз анҷоми марҳилаи севуми озмоиш - шуруъ шуд.

Воксини QazVac дар Институти илмиву таҳқиқотии масоили амнияти биологии вазорати маориф ва илми Қазоқистон таҳия шудааст.

XS
SM
MD
LG