Ссылки доступа

Як шаҳрванди Узбекистонро барои дуруғпароканӣ дар бораи воксини зидди COVID-19 ҷарима бастанд (видео)


Додгоҳи Қазоқистон як шаҳрванди Узбекистонро барои бардуруғ табларза нишон додан баъди гирифтани воксини зидди коронавирус 25 доллар ҷарима баст.

Шаҳрванди Узбекистон дар майдаавбошӣ айбдор шуд.

Марди ҷаримашуда дар бозори "Дина"-и Қазоқистон кор мекунад. Рӯзи 14 июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он мард рӯи роҳ хуфта аст ва пизишкон талош доранд, ба ӯ сузандору гузаронанд. Марди дигаре мегӯяд, ба вай воксини зидди коронавирус задаанд ва вазъаш бад шудааст.

Раёсати бемористони рақами 3, ки он мардро воксин заданд, ба додгоҳ шикоят бурд.

Додгоҳ дар асоси шикояти бемористон мардро барои дуруғпароканӣ ҷарима кард.

Ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 52,8 дарсади аҳолии қобили воксинзанӣ воксин гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG