Ссылки доступа

Асет Абишев - маҳбуси сиёсии қазоқистонӣ пеш аз муҳлат озод нашуд


Гуруҳе аз ҷонибдорони маҳбуси сиёсии Қазоқистон Асет Абишев субҳи 29 июл пушти дари маҳбас дар шаҳраки Заречнии вилояти Алмато ҷамъ шуда, озодии пеш аз муҳлати ӯро интизор буданд.

Аммо сардори маҳбас Нурлан Бидайбеков ба ҷамъомадагон хабар дод, ки озодии пеш аз муҳлати Абишев фардо - 30 июл ба ҳукми иҷро медарояд.

Ба ин тартиб, тарафдорони Абишев аз пушти дари маҳбас пароканда шуданд.

Абишев моҳи июли соли 2018 дар шаҳри Алмато боздошт шуд. Ӯро дар "сармоягузории созмони ҷиноӣ" ва "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" айбдор карданд. Моҳи ноябри соли 2018 додгоҳ Абишевро чаҳор сол зиндонӣ кард. Вай пештар аз ин хост, пеш аз адои муҳлат аз маҳбас озод шавад. Додгоҳ ахиран ин дархостро қонеъ кард.

XS
SM
MD
LG