Ссылки доступа

Гуруҳи корӣ 40 км марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро мушаххас кард


Қирғизистону Тоҷикистон 40 километри дигари марзи муштаракро мушаххас карданд.

Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 29 июл Абдулат Мирзоев, узви комисияи ҳукуматии он кишвар дар мавриди мушаххассозӣ ва аломатгузории марз иттилоъ дод.

"Дар 3 мулоқоти охири гуруҳҳои кории ду кишвар 40 километри дигари марз мушаххас шуд. Моҳи август мулоқот дар Тоҷикистон дар нақша аст. Корҳо идома доранд, аммо мо гуфта наметавонем, ки масъала кай ҳал мешавад", - гуфт Мирзоев.

Аз 12 то 17 июл дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон мулоқоти гуруҳҳои кории Тоҷикистон бо Қирғизистон баргузор шуд. Мақомоти Қирғизистон ҷузъиёти ин мулоқотро шарҳ надоданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун муноқиша сар мезанад.

Дар охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон даҳҳо кас аз ду тараф кушта ва даҳҳо манзилу иншооти дигар тахриб шуд.

XS
SM
MD
LG