Ссылки доступа

Ҳушдор аз эҳтимоли омадани сел ба се вилояти Узбекистон


Две недели назад в Ферганской долине в результате наводнения унесло автомобиль

Маркази обу ҳавошиносии Узбекистон мегӯяд, 29-31 июл дар пайи боронгариҳои сахт дар минтақаҳои куҳии водии Фарғона ва ҳаммарз бо Қирғизистон эҳтимоли омадани сел дар вилоятҳои Намангон, Андиҷон ва Фарғонаи он кишвар вуҷуд дорад.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон аз сокинони минтақаҳои наздикуҳии ин кишвар даъват карда, ки тадбирҳои эҳтиётиро андешанд ва дар сурати сар задани ҳолати изтирорӣ зуд ба вазорат хабар диҳанд.

Пештар, 13 июл дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Косони Намангон 9 кас ҷон бохта, 6 тани дигар захмӣ шуд.

Ба омадани ин сел боронгариҳои шадид дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон сабаб шуда буд.

XS
SM
MD
LG