Ссылки доступа

Миллиардери чинӣ барои интиқоди ҳукумат 18 сол зиндонӣ шуд


Сунь Даву
Сунь Даву

Интиқодгари машҳури Ҳизби коммунистии Чин, миллиардер Сун Даву бо ҷурми "ангехтани бадбинӣ" се миллион юан ҷарима ва 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Ба иттилои расонаи хабарии South China Morning Post, додгоҳи шаҳри Гаобейдяни Чин Сунро ба он айбдор донистааст, ки гӯиё ӯ гуруҳи одамонро барои ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ таҳрик дода, тиҷорати ғайриқонунӣ доштааст. Ҳамчунин вай гӯиё заминҳоро ғайриқонунӣ ғасб карда, "мушкил эҷод менамудааст".

Суни 67-сола раҳбари як корхонаи кишоварзие аст, ки дар он 9 ҳазор одам кор мекунад. Ӯ аз камтарин одамоне дар Чин буд, ки соли 2019 ҳукумати ин кишварро ба пинҳон кардани паҳншавии зукоми африқоии хук ошкоро танқид кард. Он замон беш аз 100 миллион хук бар асари ин беморӣ ҳалок шуда буд. Вай дар суҳбат бо телефизиони CNN гуфт, мақомот танҳо баъд аз нашр шудани акси ҳайвонҳои ҳалокшуда розӣ шудаанд, чорвои ӯро аз санҷиш гузаронанд.

Бино ба гузориши Reuters, соҳибкор дар пайи ин кори худ бо як корхонаи давлатӣ вориди баҳси замин шуд. Ҳомиёни ҳуқуқи Чин гуфтанд, "Сун ба хотири дастгирии ҳуқуқи инсон муҷозот шудааст".

XS
SM
MD
LG