Ссылки доступа

Оринбой Охасов - фаъоли ҷамъиятӣ дар Қазоқистонро бори севум ҳабс карданд


Додгоҳе дар Қазоқистон фаъоли ҷамъиятӣ Оринбой Охасовро барои иштироки такрорӣ "дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" 20 рӯз ҳабс кард.

Ин севумин ҳабси батакрори Охасов аст.

Бори охир ӯро рӯзи 29 июл, як рӯз пеш аз анҷоми муҳлати ҳабсми қаблӣ ба 20 рӯзи дигари ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд. Ин бор ӯро барои иштирок дар гирдиҳамоии рӯзи 30 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Урали Қазоқистон ҳабс карданд.

Охасов айби эъломшударо қабул надорад ва мегӯяд, ба додгоҳи зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG