Ссылки доступа

"Барқи тоҷик" қарзи аҳолиро 1,3 миллиард сомонӣ шумурд. Хабарнигорон эътироз карданд


Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ 1,3 миллиард сомонӣ қарздор аст. Баъзе аз хабарнигорон дар нишасти матбуотии масъулони ширкат ин оморро ба баҳс кашиданд.

Исмоил Маликов, масъули “Шабакаҳои тақсими барқ”, рӯзи 29-уми июл гуфт, имсол қарзи аҳолӣ дар назди барқ зиёд нашуда, 1,3 миллиард смонӣ қарзе аст, ки солҳои пеш ҷамъ шудааст. «Имсол, баръакс, аҳолӣ пешпардохт доштанд», -- афзуд ӯ.

Мавзӯи қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ миёни хабарнигорон ва масъулони “Барқи тоҷик” баҳси гармеро ба миён овард. Чанд хабарнигор худашонро мисол оварда, гуфтанд, «агар ҳаққи барқро пардохт накунӣ, нозири барқ симро мебурад.»

Масъулини “Барқи тоҷик” чанд дафъа талош карданд, собит кунанд, ки омори қарзи аҳолӣ аз истифодаи барқ дуруст аст. Даъвоҳои ширкат дар бораи қарздории аҳолӣ солҳои пеш ҳам шубҳаву гумонҳои зиёдро ба миён оварда буд. Аз рӯи омори “Барқи тоҷик” аҳолӣ бузургтарин қарздор аст.

Инҳо низ аз «Барқи тоҷик» қарздор будаанд:

Талко – 422 миллион сомонӣ;

Оҷонси беҳдошти замин – 333 миллион сомонӣ;

Хоҷагиҳо – 201 миллион сомонӣ;

Соҳаи обу корез – 52 миллион сомонӣ.

Дар ҳамин ҳол, як масъули ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, қисми асосии қарзи аҳолӣ маблағе аст, ки 10-20 сол пеш ҷамъ шуда, бояд бахшида шавад.

"Масалан, як қисми маблағ қарзи колхозҳо аст. Колхозу совхозҳо дигар нестанд. 10 сол пеш аудиторони байналхалқӣ тавсия доданд, ки як қисми ин қарз ҳамчун қарзи беэътимод бахшида шавад. Вале ин кор то ҳол сурат нагирифтааст", -- гуфт масъули «Барқи тоҷик» бе зикри номаш.

Коршиносон сабабҳои ин мушкилро ба мудирияти нодуруст рабт медиҳанд. Айни замон баъзе аз кормандони ширкат бе зикри номи худ мегӯянд, қарзҳои зиёд умдатан аз корхонаву шахсонест, ки ба хешовандони мансабдорон тааллуқ доранд.

XS
SM
MD
LG