Ссылки доступа

Хадамоти гумрук: Баъди ба дасти Толибон гузаштани Шерхон Бандар "гардиши мол хеле кам шуд"


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, гардиши мол тавассути гузаргоҳи Панҷи Поёни кишвар ва Шерхон Бандари Афғонистон хеле кам шудааст.

Гузаргоҳи Шерхон Бандар, ки масири асосии интиқоли молу миёни Тоҷикистону Афғонистон ба шумор меравад, 21-уми июни имсол ба дасти Толибон афтод.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 30-юми июл ҳангоми нишасти хабарӣ кам шудани гардиши мол миёни ду кишварро ба ноамниҳо дар марз, аз ҷумла ба дасти Толибон афтодани гузаргоҳи Шерхон Бандар, рабт дод.

Ӯ афзуд, "агар пеш дар як рӯз 35-40 мошин ворид мешуд, ҳоло 3-4 мошин ворид мешавад. Инҳо ҳамон мошинҳое ҳастанд, ки қабл аз афзоиши ноамниҳо дар роҳ буданд, ҳоло қариб, ки гардиши мол нест".

Бӯрӣ Ҳамроҳзода, як масъули ин ниҳод гуфт, гардиши мол агар моҳи январи имсол 86 ҳазору 492 тоннаро ташкил медод, дар моҳи июн ин омор ба 37 ҳазору 987 тонна расид.

Чанд руз пеш мақомоти Афғонистон эълон карданд, ки бинобар ба дасти Толибон афтодани гузаргоҳҳои марзии ин кишвар, давлат 33 миллион доллар зарар дидааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи душворгузар дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст.

XS
SM
MD
LG