Ссылки доступа

Русия аз тавсеаи нуфузи ДОИШ дар шимоли Афғонистон нигарон аст


Бо беруншавии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон, Русия дар марзи кишварҳои ҳампаймонаш дар Осиёи Марказӣ таҳдид эҳсос мекунад.

Ба қавли вазири мудофиаи Русия, Сергей Шойгу, ки бо ҳамтои тоҷикаш Шералӣ Мирзо дар Душанбе мулоқот дошт, "нерӯҳои ифротгаро аз ҳисоби гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар шимоли Афғонистон таҳким меёбанд”. Вай афзудааст, ДОИШ ҷангҷӯёни худро аз Ховари Миёна ба Афғонистон интиқол додааст.

Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти вазирони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 28-уми июл баргузор шуд. Намояндагони расонаҳои мустақилро ба нишаст роҳ надоданд ва пас аз анҷоми он ҳам нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон баргузор нашуд.

Аммо мавзӯи асосии нишаст бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон, фаъолшавии созмонҳои экстремистӣ дар ин кишвар ва хавфҳое буд, ки аз Ҷумҳурии Исломӣ ба кишварҳои ҳамсояаш мерасад.

Расонаҳои русӣ изҳороти Сергей Шойгуро паҳн мекунанд, ки дар он гуфта мешавад, Русия барои тақвияти ҳимоя аз марзҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой чора андешид. Аз ҷумла, ёриҳои низомӣ ва тақдими аслиҳаву муҳиммоти ҷангиро ба артиши Тоҷикистон идома медиҳад.

Зоҳиран ин ёриҳо дар доираи барномаи бо аслиҳа таъмин кардани артиши Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллар меравад, ки иҷрояш аз соли 2014 инҷониб тӯл мекашад. Чунин созишнома миёни Душанбеву Маскав ба хотири 49 сол дароз кардани муҳлати будубоши пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба имзо расида буд.

Дар бораи суръат бахшидан ба иҷрои ин барнома дар нишаст сухане гуфта нашуд. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳам дар ин бора ёдовар нашудааст. Ҳоло Тоҷикистон танҳо ба ёриҳои амалӣ ва таъхирнопазир дар амри тақвияти ҳимоят аз марзҳояш таваҷҷуҳ дорад.

Фаридун Махмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, гуфт: “Роҳбарони вазоратҳои мудофиа аз якбора бад шудани вазъи Афғонистон ибрози нигаронӣ карда, масъалаи таҳкими сулҳу суботро матраҳ карданд. Таъкид шуд, ки ба ноамн шудани вазъият дар кишварҳои узви СҲШ ва фаъол шудани созмонҳои террористӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон набояд роҳ дод.”

Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар нишаст ҳамчунон масъалаи табодули ҳарчи зуд иттилоъ миёни кишварҳо, таҳлили ҳолатҳои буҳронӣ ва андешаидани чораҳои пешгирӣ нисбат ба созмонҳои ифротгаро баррасӣ шуд. Аммо мушаххас гуфта нашуд, ки ин чӣ чораҳо чист.

Русия ҳафтаи охир 17 зиреҳпӯши нави БМП-2М-ро ба Тоҷикистон фиристод. Ин зереҳпӯшҳои нав дар тамрини низомии аввали моҳи август дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ширкат хоҳанд кард.

Бо вуҷуди он ки Толибон ваъда додааст, барои амнияти кишварҳои ҳамсоя хавфе эҷод намекунад, ба иттилои дарёфтӣ, дар қисме аз марзи Афғонистону Тоҷикистон силоҳбадастони гуруҳи "Ансоруллоҳ"-ро ҷойгир кардааст. Ин созмон дар Тоҷикистон созмони террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ мамнуъст.

Ин созмонро зодаи Тоҷикистон Муҳаммад Шарипов (Маҳдӣ Арсалон) роҳбарӣ мекунад. "Ансоруллоҳ"-ро солҳои 90-уми асри гузашта зодагони Тоҷикистон созмон додаанд ва ҷангҷӯёни он зери пайгарди байналмилалӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, зоҳиран марзҳои ҷанубии Тоҷикистон дар ин ояндаи наздик ором нахоҳанд буд.

XS
SM
MD
LG