Ссылки доступа

Дар Узбекистон гуруҳе аз занон баъди роҳ наёфтан ба қабули раиси вилоят роҳро бастанд


В Андижане женщины, не попав на прием к главе области, вышли на проезжую часть, 31 июля 2021 года.

Блогерони Узбекистон хабар доданд, ки як гуруҳ аз занони норозӣ дар шаҳри Андиҷон роҳеро дар маркази шаҳр бастанд.

Ба гуфтаи блогерон, занон баъди роҳ наёфтан ба қабули раиси вилояти Андиҷон, ки моҳе як бор сурат мегирад, роҳро бастаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шудааст, ки нишон медиҳад эътирозгар дар байни роҳ рост истода, ба ҳаракати мошинҳо монеъ мешаванд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар ҳоли ҳозир талош дорад, бо ин гуруҳи занон тамос гирифта, ҷузъиёти ҳодисаро муайян кунад.

Вақтҳои ахир дар Узбекистон баста шудани роҳҳо аз сӯи сокинони норозӣ бештар ба назар мерасад. Сокинон мегӯянд, бо ин амал мехоҳанд таваҷҷуҳи масъулинро ба мушкилоти худ ҷалб кунанд.

Пештар низ дар шаҳри Бухорои Узбекистон гуруҳе аз занон бо талаби дарёфти қарзи боимтиёз роҳеро баста буданд. Вале мақомот ба ҷои додани қарз ҳамаи онҳоро ҷарима бастанд.

XS
SM
MD
LG