Ссылки доступа

Қирғизистон аз Чин боз 1,25 млн моя ваксинаи Sinopharm харид


Қирғизистон аз Чин боз 1 миллиону 250 ҳазор моя ваксинаи зидди коронавирус -- "Sinopharm" харидорӣ кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, ин мояҳо бо пули буҷаи ҷумҳуриявӣ харидорӣ шудаанд. Ин кишвар аз Чин ҷамъан 2 миллиону 350 моя ваксинаи Sinopharm харидааст.

Пекин бори нахуст моҳи марти соли равон ба Бишкек 150 ҳазор моя ваксинаи "Sinopharm"-ро ройгон дод. Сипас Қирғизистон моҳи июн аз Чин 1 миллиону 250 ҳазор моя ваксинаи мазкурро дарёфт кард, ки 150 ҳазор мояаш ройгон ва боқӣ пулакӣ буд.

Қирғизистон арзиши ваксина ва харҷи интиқоли онро ифшо намекунад. Вазири тандурустии Қирғизистон Олимқодир Бейшеналиев гуфт, арзиши ваксинаи "Sinopharm" бо дархости ҷониби Чин ошкор карда намешавад. Ӯ танҳо изҳор дошт, ки ин ваксина аз ваксинаи русӣ, ки Қирғизистон як мояи онро 10 доллар харидорӣ кардааст, арзонтар мебошад.

XS
SM
MD
LG