Ссылки доступа

Дар як рӯз беш аз 8 ҳазор сокини Қазоқистон ба коронавирус гирифтор шудааст


Дар давоми як шабонарӯзи ахир дар Қазоқистон 7803 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст. Вазорати тандурустии он кишвар аз 250 ҳолати нави гирифторӣ ба "илтиҳоби шуши коронавирусӣ" ҳам дар рӯзи 30 июл хабар додааст.

Шумори мубталоёни нав дар Қазоқистон дар пасманзари паҳншавии намуди "Делта"-и коронавирус рӯз то рӯз афзоиш меёбад.

Аз оғози пандемия дар моҳи марти соли 2020 то ҳол дар ин кишвар расман 508 ҳазору 379 кас ба коронавирус мубтало шуда, то 30 июли соли равон 5957 сокини аз ин вирус ҷон бохтааст.

Дар Қазоқистон шаҳру вилоятҳоро аз рӯи шумори мубталоёни вирус ба се минтақа - сурх, зард ва сабз тақсим мекарданд. Аз 29 июл минтақаи чорум "сиёҳ-сурх" низ ҷорӣ шуд. Минтақае "сиёҳ-сурх" эълом мешавад, ки беш аз 70 дарсади катҳои бемористонҳояш пур шудааст.

То ҳол ягон минтақаи Қазоқистон "сиёҳу сурх" эълом нашудааст, вале ҳамаи шаҳру ноҳияҳои он ба дар рӯйхати "сурх" шомиланд.

XS
SM
MD
LG