Ссылки доступа

Шикояти шаҳрвандони Узбекистон аз тамаъҷӯии марзбонони қирғиз ба Содир Ҷабборов


Граждане Узбекистана возле пункта пропуска «Достук» на границе с Кыргызстаном. Фото от 23 марта 2020 года.
Граждане Узбекистана возле пункта пропуска «Достук» на границе с Кыргызстаном. Фото от 23 марта 2020 года.

Шаҳрвандони Узбекистон аз санҷишҳои ғайриқонунӣ ва тамаъҷӯии сарҳадбонони Қирғизистон ба президенти он кишвар Содир Ҷабборов шикоят карданд.

"Муҳтарам президент Содир Ҷабборов, тавре шумо огаҳед, шаҳрвандони Узбекистон аз гузаргоҳи марзии "Достук" гузашта, тавассути фурудгоҳи Ӯши Қирғизистон ба шаҳрҳои Қазоқистон парвоз мекунанд. Вале дар онҷо корҳое анҷом мешаванд, ки нигаронкунанда ҳастанд", - омадааст дар муроҷиатномаи блогери узбек бо номи Исмоил.

Блогер аз президенти Қирғизистон даъват кардааст, ки ба мушкилиҳо дар гузаргоҳҳои марзии кишвараш таваҷҷуҳ намояд.

"Низомиёни шумо аз ҳар як одам танҳо барои гузаштан аз марз 50 ҳазор сӯм талаб мекунанд. Агар 50 ҳазор сӯм надиҳед, иҷозати убури сарҳадро намедиҳанд ва бо баҳонаҳои гуногун бармегардонанд. Мардум маҷбур ҳастанд, ки ин пулро диҳанд. Аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба вазъ дар гузаргоҳи мазкур таваҷҷуҳ кунед", - афзудааст блогер.

Корбарони бахши узбекии Твиттер ҳам изҳори нигаронӣ мекунанд, ки шаҳрвандони Қирғизистон марзи Узбекистонро бидуни мушкиле убур мекунанд, вале узбекистониҳо ҳангоми гузаштан аз марзи ҳамсоякишвар маҷбур ҳастанд, пул диҳанд.

Рӯзноманигор аз Ӯш Ҳамидулло Узақов иддаои шаҳрвандони Ӯзбекистонро тасдиқ кардааст. "Дербоз дар бораи муносибати бад ва тамаъҷӯӣ дар гузаргоҳи марзии "Достук" шикоятҳо мешунавем", - изҳор доштааст рӯзноманигори қирғиз.

Вале Хадамоти марзбонии Қирғизистон иддаои мусофирони Узбекистонро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG