Ссылки доступа

Толибон гуфтанд, ки ба фурудгоҳи Қандаҳор мушак партофтанд


Шаби гузашта ба фурудгоҳи Қандаҳор, дар ҷануби Афғонистон, мушак партофтанд. Толибон рӯзи 1-уми август масъулияти ин корро пазируфта, гуфтанд, ҳадафи он қатъ кардани ҳамлаҳои ҳавоӣ аз фурудгоҳ ба тарафи онҳо буд.

Чанд рӯз аст, ки нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон мубориза бо ҷангҷӯёни Толибонро дар чанд гӯшаи ин кишвар идома медиҳанд.

Масъулони фурудгоҳ гуфтанд, мушакҳо хатти парвозро вайрон карда, боис ба ҳаракати ҳавопаймоҳо шуданд. Барқарорсозии он оғоз ёфтааст.

Ҳамла ба фурудгоҳи Қандаҳор дар ҳоле сурат гирифт, ки ҷангҷӯёни Толибон дар ду шаҳри бузурги дигари Афғонистон – Ҳирот дар ғарб ва Лашкаргоҳ дар ҷануб – низ меҷанганд.

Тақдири ин минтақаҳо рӯшан мекунад, ки оё ҳукумати Кобул метавонад бе сарбозони байналмилалӣ, ки тӯли бист сол бо Толибон меҷангиданд, назорати шаҳрҳои бузург ва қисми зиёди дигар кишварро нигоҳ бидорад ё не.

Нерӯҳои амниятии Афғонистон ва ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 31-уми июл дар канори шаҳри Ҳирот бори дигар задухӯрд карданд. Ин вазъ пас аз он буд, ки мақомот гуфтанд, ҷангҷӯёнро аз онҷо рондаанд.

XS
SM
MD
LG