Ссылки доступа

Муҷозоти 19 шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Муҷозоти 19 шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон. (видео)

- "Барқи тоҷик" исрор меварзад, ки аҳолӣ қарздор аст. Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" гуфтанд, аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ 1,3 миллиард сомонӣ қарздор аст. Баъзе аз хабарнигорон дар нишасти матбуотии масъулони ширкат ин оморро ба баҳс кашиданд. (видео)

- Русия аз тавсеаи нуфузи ДОИШ дар шимоли Афғонистон нигарон аст. Бо беруншавии нерӯҳои Амрико аз Афғонистон Русия ба марзи кишварҳои ҳампаймонаш дар Осиёи Марказӣ, таҳдид эҳсос мекунад. Ба қавли вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу нерӯҳои ифротгаро аз ҳисоби унсурҳои гурӯҳи ба ном "Давлати Исломӣ" дар шимоли Афғонистон таҳким меёбанд.​ (видео)

- Раҳбарони нави "Имон Интернешнл" мегӯянд, ин муассисаро бо нархи бозор харидаанд. Ин суханон пас аз он гуфта шуд, ки як пажуҳишгоҳ онҳоро бо хилофкорӣ муттаҳам кард. (видео)

- Чаро мусофирони тоҷик наметавонанд озодона ба Узбекистон сафар кунанд? Гузориши ҳамкорамон Фарзон Муҳаммадӣ аз гузаргоҳи марзии Фотеҳобод. ​(видео)

- Афсари собиқ мегӯяд, бо ваъдаи афв баргашт, вале зиндонӣ шуд (видео)

- "Тоҷик Эйр" умед дорад, ки дубора ба ҳаво хоҳад хест. Масъулони ягона ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон "Тоҷик эйр" мегӯянд, ҳарчанд бо ҳукми додгоҳи ҳаками Литва розӣ нестанд, аммо амри додгоҳи Тоҷикистонро эътироф мекунанд ва бовар доранд, ки бо сармоягузори хориҷӣ созише ҳосил хоҳад шуд. (видео)

- Вазир мегӯяд, Тоҷикистон бо Толибон ҳеҷ робитаи сиёсӣ надорад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин кишвар бо таҳкими назорати марз машғул буда, бо Толибон ҳеҷ робитаи сиёсӣ надорад. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.​

XS
SM
MD
LG