Ссылки доступа

Коршикании кормандони "АBUEV GROUP" дар Қазоқистон


Эътирози кормандони ширкати хусусии "АBUEV GROUP" дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон идома дорад. Онҳо шароити беҳтари кориро талаб доранд.

Корпартоии кормандони АBUEV GROUP, як ширкати зертобеи "КазМунайГаз" рӯзи чаҳорум аст, ки идома дорад. Ошпаз, фаррош ва боркашҳои ширкат талаб доранд, ки онҳоро ба ҳайси корманди расмӣ сабтином ва шароити корияшон беҳтар карда шавад.

Яке аз эътирозгарон гуфт, мулоқоти онҳо бо комиссияи махсус, ки ба ҳайати он намояндагони ширкату шаҳрдории Жанаозен шомиланд, бенатиҷа ба поён расид.

"Ба мо санадеро пешниҳод карданд, ки дар он номи ширкат оварда нашудааст. Гуфтанд, зери он имзо гузоред ва корро оғоз кунед. Магар ин хел мешавад? Мо розӣ нашудем. Ҳоло ба ҷои ҳалли мушкил онҳоеро таҳдид мекунанд ва метарсонанд, ки ба корфармо талабҳои худро пешниҳод доранд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон нафткашҳо бо талаби маоши бештар коршиканӣ мекунанд. Танҳо дар давоми як моҳи ахир кормандони беш аз 10 ширкат дар Жанаозен корпартоӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG