Ссылки доступа

Президенти Узбекистон зидди коронавирус эм шудааст, вале намегӯянд, бо кадом ваксина


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо яке аз ваксинаҳое, ки ба истифодаи онҳо дар ин кишвар иҷозат додаанд, зидди коронавируси нав эм шудааст.

Дар ин бора сухангӯи ӯ Шерзод Асадов 2 август дар посух ба суоли рӯзноманигорон хабар дод, ки пурсиданд, "худи президенти Узбекистон зидди коронавирус эм шудааства бо кадом ваксина?".

"Раҳбари давлат ҳамчун шаҳрванди бомасъулият ба раванди эмшавӣ ҷиддӣ муносибат карда, расмиёти онро пурра гузаштааст. Ҳангоми эмшавии президенти Узбекистон сокинони кишварро бо се ваксина - ваксинаи узбекию чинӣ, Спутник V ва AstraZeneca эм мекарданд. Раҳбари давлат бо яке аз инҳо эм шудааст", - изҳор дошт Асадов, вале дақиқ нагуфт, ки Мирзиёев бо кадоме аз ин ваксинаҳо эм шудааст.

Президенти Узбекистон ба монанди раҳбарони кишварҳои дигар, аз ҷумла президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ва президенти Амрико Ҷо Байден дар рӯбарӯи дурбин зидди коронавирус эм нашудааст. Ҳамчунин аксҳое низ нестанд, ки эмшавии ӯро тасдиқ кунанд.

XS
SM
MD
LG