Ссылки доступа

Пулиси Узбекистон латтукӯб шудани модари маъюб аз сӯи духтарашро таҳқиқ мекунад


Пулиси вилояти Қашқадарёи Узбекистон латтукӯб шудани як модари маъюб аз сӯи духтарашро дар Қаршии ин кишвар таҳқиқ мекунад.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, зане модари маъюбашро таҳқир ва латтукӯб мекунад.

Ба огаҳии пулиси Қашқадарё, ин зан 13 июл модарашро, ки маъюби гуруҳи якум аст, дар аробачаи маъюбӣ ба назди бахши вилоятии Федератсияи иттифоқҳои касабаи занони Узбекистон меорад, то ӯ аз раҳбарияти вилоят барои сохтмони манзили зисташ кумак хоҳад.

Зан баъди шунидани он ки раҳбарияти Қашқадарё дархости кумаки молии модарашро рад кардааст, сахт ошуфта мешавад. Дар натиҷа модарашро ба он айбдор мекунад, ки навонистааст аз раиси вилоят пул пурсад ва ӯро латтукӯб ва таҳқир менамояд.

Дар маъмурияти вилояти Қашқадарё гуфтанд, ки аз соли 2020 то ҳол ба ин хонавода ба маблағи беш аз 56 миллион сӯм (зиёда аз $5 ҳазор) кумак кардаанд. Ҳамчунин моҳи январи соли равон барои онҳо қитъаи замин ҷудо ва 28 млн сӯми дигар барои сохтмони хона кумак шудааст.

XS
SM
MD
LG