Ссылки доступа

Блогери тоҷик дар Маскав зиндонӣ шуд; шариконаш аз Русия "ҳукми шартӣ гирифтанд"


Кароматулло Джабборов доставлен в зал суда

Додгоҳе дар пойтахти Русия блогери тоҷик ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав - Кароматулло Ҷабборовро ба ду солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум кардааст.

Роман Шахманов, вакили мудофеи ӯ, рӯзи 2-юми август ба хабаргузории ТАСС гуфт, Ҷабборов гуноҳро пурра ба дӯш гирифт ва "бо назардошти муҳлате, ки дар боздоштгоҳ (СИЗО) буд, мумкин аст, то охири моҳи август озод шавад."

Вале ба қавли ӯ, "ин кор дар ҳоле имконпазир аст, ки агар додситон ё маъмурияти метро аз рӯйи ҳукм шикоят накунанд. Мо дар навбати худ ҳеч шикоят нахоҳем кард."

Пештар додситон барои Кароматулло Ҷабборов чаҳор сол зиндон талаб карда буд.

Роман Шахманов ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, шарикони блогери тоҷик, Артур Исаченко ва Станислав Мелехов (шаҳрвандони Русия) ҳукми шартӣ гирифтанд. Пештар додситон барояшон 3-солии зиндон хоста буд.

Онҳо ҳангоми тафтиши парванда низ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буданд.

Кароматулло Ҷабборовро рӯзи 8-уми феврали соли 2020, дар пайи ташкили саҳнаи шӯхиомез ва сабти "пранк" дар вагони метрои Маскав, дастгир карданд.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти лаҳзаро дар Интернет гузошта буданд.

XS
SM
MD
LG