Ссылки доступа

Президенти Туркманистон ҳавопаймои нави ҷангии кишварашро шахсан "санҷид"


Гурбангулы Бердымухамедов

Президенти Туркманистон Қурбонгуӣ Бердимуҳаммадов бо ҳавопаймои ҷангие, ки артиши кишвараш ахиран соҳиб шуд, парвозеро анҷом дод. Телевизионҳои давлатии Туркманистон дар ин бора гузориши махсус пахш карданд.

Бердимуҳаммадов, ки дар тан либоси махсуси халабони низомиро дошт, пушти фармони ҳавопаймои нави зарбазани 29-А Super Tucano нишаст.

Тавре телевизионҳои Туркманистон нишон доданд, Бердимуҳаммадов пушти фармони ҳаопаймои мазкур дар осмони баҳри Хазар ва доманакӯҳҳову кӯҳҳои наздисарҳадии ин кишвар давр мезанад.

Ӯ дар ҷараёни парвоз борҳо ба замин ва ҳавопаймои ҳамроҳаш хабар медиҳад, ки аз имкониятҳои техникӣ ва тавонмандии ҷангии ҳавопаймо қаноатманд аст.

Ба иттилои нашрияҳои хориҷӣ, зарбазани "А-29А Super Tucano" аз сӯи ширкати бразилиягии "Эмбраер" дар асоси ҳавопаймои таълимӣ-тамринии ЕМВ-314 сохта шудааст. Ин ҳавопаймо барои ҳимояти ҳарими хусусӣ, анҷоми корҳои иктишофӣ ва дастгирии неруҳои хушкигард пешбинӣ шуда, барои омузиши халабонҳои низомӣ ҳам зарур аст.

XS
SM
MD
LG