Ссылки доступа

OCCRP ба рӯйхати ҷосусии "Пегас" се мансабдори баландпояи дигари қазоқро шомил кард


Ба рӯйхати шаҳрвандони Қазоқистон, ки эҳтимол меравад, ҳадафи барномаи исроилии ҷосусии "Pegasus" (Пегас) қарор гирифтаанд, се нафари дигар илова шуд.

Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар гузашта ё дар ҳоли ҳозир дар мансабҳои баланди давлатӣ ифои вазифа мекунанд. Ба иттилои Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP), эҳтимолан афроди зерин ҳадафи барномаи ҷосусии мазкур қарор гирифтаанд:

Владимир Божко - собиқ узви маҷлис, раиси пешини кумитаи амнияти миллӣ ва дар гузашта вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон;

Сауат Минбоев - раиси пешини корхонаи "Роҳи оҳани Қазоқистон", собиқ раиси дастгоҳи президент дар гузашта вазири кишоварзӣ, вазири энергетика ва вазири саноату савдои Қазоқистон;

Асет Исекешев, котиби Шӯрои амният, дар гузашта муовини сарвазир, шаҳрдори пойтахт ва вазири саноату технологияҳои нави Қазоқистон;

Тавре OCCRP, телефони ҳамроҳи ин мансабдорони қазоқ соли 2018 рахна шудааст. Он замон Божо муовини сарвазири Қазоқистон буда, Исекешев аз вазифаи шаҳрдори пойтахт барканор ва раиси дастгоҳи президент таъйин шуд. Минбоев, ки "миллиардери махфӣ" номида мешуд, соли 2018 раиси "Роҳи оҳани Қазоқистон" таъйин, вале худи ҳамон сол бо сабаби "захми ҷиддӣ бардоштани сутунмуҳрааш дар шароити номаълум" аз мақом барканор гашт.

Дар ибтидо ба ин руйхат аз Қазоқистон 5 кас - ду рӯзноманигор ва се фаъоли иҷтимоӣ шомил буд. Дар миёни онҳо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазири он кишвар Асакар Мамин ва ҳокими шаҳри Алмато Бакитҷон Сагинтаев ҳам ҳастанд.

Ба ҷуз аз Қазоқистон, ба иттилои пажуҳишгарон, барномаи Pegasus-и ширкати NSO Group-ро мақомоти Озарбойҷон, Маҷористон, Мексика, Баҳрайн, Ҳинд, Индонезия, Марокаш, Руанда, Ҷумҳурии Конго, Арабистони Саудӣ - дар маҷмуъ наздики 50 давлат истифода кардаанд.

Барномаи Pegasus имкон дорад, тавассути паёмакҳои одӣ вориди телефон шуда, маълумотро рабояд ва муколамаҳоро хонад.

XS
SM
MD
LG