Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон дархости тағйири ҳукми фаъолонро рад кард


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 3 август баррасии парвандаи 13 фаъоли маданиро идома дод, ки ба "ташкили фаъолияти иттиҳодияи мамнуъ ё иштирок дар он" айбдор карда мешаванд.

Додраси парванда Ернар Қосимбеков дар мурофиа дархости ҷониби ҳимоятгарон дар мавриди тағйири ҳукми 5 фаъоли мадании қазоқ ба ҳабси хонагиро рад кард.

Вакилони дифоъ аз додрас хоста буданд, ки гумонбарон Диана Баймагамбетова, Асхат Жексебаев, Кайрат Клишев, Абай Бегимбетов ва Ноян Раҳимҷонов ба далели бад шудани саломатиашон аз боздоштгоҳи муваққатӣ озоду ба ҳабси хонагӣ гирифта шаванд.

Яке аз гумонбарон бо номи Марат Қурбонов баргузории мурофиаи онлайниро нақзи ҳуқуқи конститутсионии худ номида, хост, парвандаашон муқаррарӣ баррасӣ шавад.

Ин 13 фаъоли мадании қазоқ онҳое ҳастанд, ки дар вақту маконҳои гуногун даст ба эътироз зада, амали мақомотро танқид кардаанд. Мақомоти қазоқ онҳоро ба иштирок дар фаъолияти ду ҳаракати мамнуъ - "Көше партиясӣ" ва "Интихоби демократии Қазоқистон", ки аз сӯи мухолиф Мухтор Аблязов таъсис шудааст, айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG