Ссылки доступа

Қазоқистон ҳатмӣ будани либоси мактабиро бекор кард


Вазири маориф ва илми Қазоқистон Асхат Аймагамбетов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ имсол дар муассисаҳои миёнаи таълимӣ ҳатмӣ нахоҳад буд.

Дар Вазорати маориф ва илми Қазоқистон гуфтанд, ин тасмим ба хотири маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, пешгирӣ аз навбатпоиҳои тулонӣ барои хариди либоси ягона дар фурӯшгоҳҳои он кишвар дар давраи пандемия гирифта шудааст.

"Кудакон дар давоми соли хониши оянда метавонанд бидуни либоси ягонаи мактабӣ ба дарс раванд", - навиштааст вазири қазоқ.

Ин дар ҳолест, ки хонандагони аксари мактабҳои миёнаи Қазоқистон соли хониши гузаштаро фосилавӣ ба поён расонида буданд.

Шумори мубталоёни коронавируси нав дар Қазоқистон аз охири моҳи июни соли равон то рафт афзоиш ёфта, рӯзона дар он кишвар беш аз 7 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба вирус ошкор мешавад.

XS
SM
MD
LG