Ссылки доступа

Боздошти як корманди "қалбакӣ"-и Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон


Як сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қаллобӣ дастгир ва парвандаашро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд.

Мақомот мегӯянд, Хусрав Бобозодаи 34-сола худро маъмури Оҷонси зидидфасод муаррифӣ карда, барои ҳалли мушкили сокинон аз онҳо "тақрибан сесад ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Шараф Аваззода, сардори намояндагии Оҷонсӣ дар Суғд, рӯзи 3-юми август ба хабарнигорон гуфт, "дар асл ин хел корманд надорем. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4, (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз кардем. Ба ҳабс гирифта шудааст, парвандаро ба додгоҳ фиристодем."

Ба ин тартиб, ба иттилои Оҷонсӣ, ин сокини Истаравшан дар давоми тақрибан як сол дар панҷ маврид 293 ҳазору 420 сомонии сокинонро аз худ кардааст. Вале шарҳ надоданд, ки оё шаҳодатномаи ӯ сохта буд ё на.

Бори аввал нест, ки дар Суғд ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон баъзе аз сокинон аз номи кормандони идораҳои муҳим ва раиси ҷумҳуру наздиконаш суистифода менамоянд. Корафтодагон низ барои ҳалли ҳарчи зудтари мушкилашон ба ин гуна афрод бовар мекунанд.

Аз ҷумла, Додгоҳи Хуҷанд соли 2018 Дилшод Тошмуҳаммадови 32-соларо, ки худро маъмури милиса муаррифӣ карда, аз наздикони чаҳор маҳбус бо ваъдаи раҳоии онҳо ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст, 9 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳ ӯро, ки мактаби миёнаро хатм карда, аммо дар ҷое кор намекард, бо гуноҳи "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" гунаҳкор донист.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 340 ҷинояти марбут ба фасоди молиро ошкор ва аз 10.5 миллион сомонӣ зарар то кунун 6 миллиону 800 ҳазорашро рӯёндааст.

XS
SM
MD
LG