Ссылки доступа

Боздошти варзишкори маъруфи узбек ҳангоми фурӯхтани тифли чоррӯзааш


Додгоҳи шаҳри Самарқанди Узбекистон варзишкори 25-соларо, ки мехост тифли чаҳоррӯзаи худро ба 2,5 ҳазор доллар фурӯшад, 4,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Самарқанд, модари кудак варзишкори маъруф ва қаҳрамони шашкаратаи Узбекистон аст. Вале гуфта нашудааст, ки ӯ дар кадом навъи варзиш қаҳрамон мебошад.

Тибқи иттилои расмӣ, падари кудак ҷавоне аст, ки ҳамроҳи духтар тамрин мекард. Варзишкорро ҳангоми фурӯхтани кудак дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG