Ссылки доступа

Баъди қарори президенти Узбекистон се кас бар асари шиканҷа ҷон бохт


Скриншот видеозаписи, на которой запечатлен инцидент, произошедший 25 июля в Нишанском районе Кашкадарьинской области.
Скриншот видеозаписи, на которой запечатлен инцидент, произошедший 25 июля в Нишанском районе Кашкадарьинской области.

Ҷасади сокини ноҳияи Нишони Узбекистон Нурсоат Муҳаммадиевро, ки 25 июл ба шуъбаи пешгирӣ аз ҷинояткориҳои пулиси ноҳия интиқол ёфта буд, як рӯз баъд ба наздиконаш супориданд.

Дар Идораи пулиси ноҳия гуфтанд, Муҳаммадиев дар диспансери вилоятии наркологӣ ҷон додааст, вале наздиконаш мегӯянд, вай бар асари шиканҷа ҳалок шудааст.

Наздикони Муҳаммадиев дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар бадани ӯ осори шиканҷа мушоҳида мешуд ва он рӯз вайро кормандони пулисе боздошт карданд, ки дар ҳоли мастӣ қарор доштанд.

Додситонии маҳаллӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир дар робита ба марги Муҳаммадиев тафтишотро оғоз кардааст.

Додситонии кулли Узбекистон 29 июл хабар дода буд, ки дар ноҳияи Деҳнав се корманди пулис сокини маҳалллӣ Юнус Хушматовро дар маҳалли кори худ то дами марг латтукӯб карданд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон низ 29 июл гуфтанд, сокини Қарақалпоқистон Бахтиёр Давлатмуродов аз захме ҷон бохт, ки бар асари шиканҷаи маъмурони пулис бардошта буд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 26 июн дар Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа қарор дар бораи чораҳои иловагӣ барои такмили низоми ошкорсозии ҳолатҳои озору азияти гумонбаронро имзо карда буд.

XS
SM
MD
LG