Ссылки доступа

Ҳамкори пешини Иззат Амон ба "тундгароӣ" муттаҳам шудааст


Хусейн Ишанкулов
Хусейн Ишанкулов

Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Ишанқулов, корманди собиқи "Маркази тоҷикон" дар Маскавро, ки бештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон машғул аст, ба "даъвати оммавӣ барои фаъолияти ифротгароӣ бо истифода аз расонаҳо ё Интернет" муттаҳам кардаанд.

Ҳуқуқдони 26-сола, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад, гуфт, намояндагони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД (УБОП)-и Тоҷикистон телефонӣ аз ӯ хостаанд, ба кишвар баргардад. Дар раёсат тасдиқ карданд, ки ба зидди ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 307 (замимаи 1)* парванда кушоданд, вале далелашро нагуфтанд.

Дар созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав бовар доранд, мушкили Ҳусейн Ишанқулов пас аз як суҳбаташ дар бораи Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон, дар телевизиони "Настоящее Время" шуруъ шуд. Иззат Амон, раиси "Маркази тоҷикон", моҳи марти имсол аз Русия ихроҷ ва дар Тоҷикистон дастгир шуд. Вай ба қллобӣ гумонбар аст, вале ҷонибдоронаш қазияро сиёсӣ медонанд.

Худи Ҳусейн Ишанқулов рӯзи 2-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба зидди ӯ барои як навори муроҷиаташ ба муҳоҷироне, ки пас аз намози ҷумъаи 11-уми июн ба тарафдорӣ аз Иззат Амон (дар Маскав) ҷамъ шуда буданд, парванда кушодаанд.

"Аз шаҳрвандоне, ки қасди тазоҳурот доштанд, хоҳиш намудам, ба гирдиҳамоӣ нараванд. Агар гуфтанӣ доранд, бар асоси қонун дар шабакаҳои иҷтимоӣ нависанд ва озодии Иззат Амонро талаб кунанд. Муфаттиши УБОП пурсид, бо муҳоҷирон дар Аврупо тамос дорам ё не. Аз ӯ пурсидам, дар муроҷиати ман чӣ камбуд аст? Муфаттиш гуфт, даъвати оммавӣ кардаӣ", -- тафсилот дод Ишанқулов

Рӯзи 2-юми август дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон парванда ба зидди Ҳусейн Ишанқуловро тасдиқ карда, вале ҷузъиёт надоданд. Як намояндааш бе зикри ном гуфт, "дар сурати омаданаш ба Тоҷикистон, масъала рӯшан карда хоҳад шуд."

Ҳусейн Ишанқулов аз соли 2015 ба ин тараф дар Русия аст. Ӯ Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия (дар Душанбе)-ро ғоибона бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм карда, як муддат дар "Маркази тоҷикон" ба ҳайси ҳуқуқдон кор кардааст.

Бахтовар Ҷумъаев, ҳуқуқшиноси "Маркази тоҷикон", рӯзи 3-юми август гуфт, Ҳусейн Ишанқулов дар созмони онҳо "бидуни маош кор мекард. Пас аз фишору зангҳо аз Душанбе аз ҳамкорӣ даст кашид ва ҳоло корманди созмон нест."

Ишанқулов мегӯяд, ҳоло тасмими инҳоӣ нагирифтааст, ки оё ба Тоҷикистон баргардад ё не. Аз ин пеш, ҳамкорони дигари Иззат Амон, аз ҷумла Бахтовар Ҷумъаев, барои бозгаштан ба Тоҷикистон ҳушдор гирифта буданд.

Иззат Амон, раҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав, рӯзи 25‑уми марти имсол дар Маскав нопадид шуд. Пас аз чанд рӯз мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ бо гуноҳи қаллобӣ ҷустуҷӯ мешуд ва ҳангоми ихроҷ аз Русия дар Душанбе боздошт шуд.

Ҳоло ӯ дар боздоштгоҳ аст ва таҳқиқи парвандааш идома дорад. Мақомот Иззат Амонро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд ва қарзи ӯро аз корафтодагон беш аз 630 ҳазор рубли русӣ ва ҳазор доллари амрикоӣ шумурдаанд, аммо тарафдоронаш бовар доранд, қазияи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Иззат Амон дар баробари ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Ютюб дар бораи сиёсату иқтисод ва вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон суҳбат мекард.

XS
SM
MD
LG