Ссылки доступа

Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Туркманистон гирди ҳам меоянд


Рӯзҳои 5 ва 6 август дар Туркманистон мулоқоти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Тавре хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дод, дар вохӯрии раҳбарони Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи иқтисод, савдо, энергетика, ҳамлу нақл ва чораҳои муштарак дар мубориза бо пандемияи коронавирус баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин қарор аст, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар доираи саммити мазкур бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти дуҷониба анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG