Ссылки доступа

Бахшида ба 30-солагии истиқлоли Қирғизистон беш аз 40 чорабинӣ баргузор мешавад


Кумитаи ташкили таҷлил аз 30-умин солгарди истиқлоли давлатии Қирғизистон ба нақша гирифтааст, ки бахшида ба ин сана беш аз 40 чорабинӣ баргузор кунад.

Қарор аст, рӯзи 31 август дар шаҳри Бишкек гашти низомиёну коргарон ва дар вилоятҳо барномаҳои консертӣ, намоишгоҳҳои аккосон, тарроҳону косибон баргузор карда шавад.

Раиси Девони вазирони Қирғизистон Улуғбек Марипов дар сатҳи олӣ гузаронидани ҷашни мазкурро муҳим шумурда, қайд кардааст, ки талаботи эпидемиологӣ низ бояд риоя карда шавад.

Дар Қирғизистон соли гузашта баргузории чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба 29-умин солгарди истиқлоли давлатии он кишвар ба иллати пандемияи коронавирус манъ карда шуда буд. Танҳо дар майдони Ала-Тоои шаҳри Бишкек маросиме баргузор шуда, дар он президенти вақт Сооронбой Ҷеенбеков ба мардуми кишвараш паём ироа кард.

Эъломияи истиқлоли Қирғизистонро Шӯрои олии ин кишвар 15 декабри соли 1990, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва 31 август порлумон эъломияро ба тасвиб расонд. Ин рӯз дар Қирғизистон расман истироҳат эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG