Ссылки доступа

Айсулуу Тинибекова натавонист ба Қирғизистон медали тило барад


Варзишгари машҳури қирғиз Айсулуу Тинибековаи 28-сола 4 август дар сабқати гуштии озод миёни занон дар вазни то 62 кило аз ҳарифи ҷопонияш Юкако Каваӣ дар даври ниҳоӣ шикаст хурд.

Вай баъди пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ бар Ирина Колиаденкои украинӣ бо ҳисоби 10:0 ба финал баромада буд.

Медали нуқраи Тинибекова севумин медали варзишгарони Қирғизистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио мебошад.

Пештар варзишгари дигари қирғиз Акжол Маҳмудов дар мусобиқаи гуштии юнониву румӣ миёни мардон дар вазни то 77 кило медали нуқра ба даст овард. Ҳамчунин Мерим Жуманазароваи 21-сола низ дар сабқати гуштии озод миёни занон дар вазни то 68 кило медали биринҷиро ба гардан овехт.

Айсулуу Тинибекова қаҳрамони ҷаҳон, ғолиби Бозиҳои осиёӣ ва қаҳрамони секаратаи Осиё мебошад.

XS
SM
MD
LG